ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

23
апрели
2018

Мониторинги литсейи касбии махсуси Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Нақшаи кори Гурўҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 19-20 апрели соли 2018 аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи мониторингӣ дар Литсейи касбии махсуси Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои ноболиғон мониторинг гузаронида шуд.

Дар рафти мониторинг тибқи тартиби муқарраршуда сараввал бо роҳбарият, кормандон ва ҳар як ноболиғи дар муассиса қарордошта аз рӯи саволномаи тартибдодашуда сӯҳбати алоҳида гузаронида шуд.

Аз суҳбат бо роҳбарияти муассиса маълум гардид, ки тарбиятгирандагони Литсейи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, онҳо пайваста ба омӯзиши донишу касбҳои муосир аз рӯи ихтисосҳои гуногун чун «Сартарош», «Кафшергари барқӣ» ва «Интернет ва технология» фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Санҷиши шароити моддӣ-маишии муассиса нишон дод, ки ҷойи хоби ноболиғон ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгў буда, ноболиғон бо сару либоси якхелаи босифат таъмин мебошанд ва ҳуҷраҳои маишию фароғатӣ, ҷойҳои дастурўшуӣ ва ҷомашуйӣ бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ҳамзамон масъалаҳои эҳтимолияти истифодаи зўроварӣ ва таҳқир дар байни ноболиғон, ҳолатҳои худсарона баромада рафтан аз ҳудуди литсейи мазкур ва ҷалби ноболиғон ба корҳои тарбиявӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Қобили қайд аст, ки чунин мониторингҳо мутобиқи нақшаи кори Гурӯҳи мониторингӣ дар дигар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида дар назар дошта шуда, натиҷаи онҳо бо иштироки намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal