Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 ва Нақшаи кори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор санаи 11 апрели соли равон вазъи риояи ҳуқуқҳои кўдакон дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳангоми боздид маълум гардид, ки барои кўдакон шароити хуби нигоҳдорӣ (ҷойи хоб, сару либос, ғизои солим, шароит барои таҳсил) муҳайё карда шудааст.
Дар суҳбат бо хонандагон онҳо аз муносибати кормандони муассиса изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамунин зимни боздид бо омузгорон, мурабиён ва хонандагон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ бо кӯдакон дар бораи сиёсати давлат дар самти таълим ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, қонунҳои ҷорӣ, салоҳияти Ваколатор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳуқуқи кӯдакон барои муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор, ба гуруҳҳои ҷинояткор ва ифротгаро ҳамроҳ нашудани наврасону ҷавонон маълумот дода шуд.