ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июн 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

girl boy3

2
майи
2024

Санҷиши Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”

 

Санаи 19 апрели соли 2024 аз ониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” саниш гузаронида шуд.

Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” соли 1998 дар заминаи “Қасри пионерон ва мактаббачагони Тоикистон”, ки ҳануз солҳои ҳокимияти шуравӣ амал мекард, таъсис дода шудааст.

Тибқи маълумот дар Муассиса шаш иттиҳодияи методӣ, аз умла: иттиҳодияи методии маҳфилҳои забономӯзӣ, иттиҳодияи методии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, иттиҳодияи методии маҳфилҳои техникӣ-риёзӣ, иттиҳодияи методии маҳфилҳои эодӣ бадеӣ, иттиҳодияи методии маҳфилҳои варзишӣ-сайёҳӣ ва иттиҳодияи методии маҳфилҳои гуманитарӣ амал мекунад, ки 37 маҳфилҳои самтиро дар бар гирифтаанд.

Маҳфилҳо ба омӯзиши забони русӣ, забони англисӣ, забони хитоӣ, дастони моҳир, наққошӣ, санъати тасвирӣ, дӯзандагӣ, тарроҳони наврас, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, дуредгарӣ, конструктори наврас, математикаи шавқовар, асбобҳои нафасӣ, асбобҳои зарбӣ, гитаранавозӣ, овозхонии эстрадӣ, гитараи классикӣ, хорсароён, рақс, драма, табиатдӯстдорони наврас, шоҳмот, таэкван-до, кишваршиносӣ, гӯштингирӣ, футбол, патрулони сабз, китобдӯстдорони наврас, адабиётшиноси наврас, фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, рӯзноманигори наврас ва маҳорати суханварӣ ва эоди наср бахшида шудаанд. Ҳар як иттиҳодияи методӣ ва маҳфил роҳбари алоҳида дорад.

 

Зимни саниш аз шароити Муассиса, махсусан синфхонаҳои таълимӣ ва ҳунаромӯзӣ, китобхона ва толори компютерӣ, гӯшаҳои дастовардҳои таълимгирандагон ва дигар иншооти ёрирасон дидан намудем.

Маълум гардид, ки барои донишу ҳунаромӯзӣ дар Муассиса тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шуда, роҳбарият ва ҳайати кормандон масъулияти баланди касбӣ нишон медиҳанд.

Дар мамуъ натиаи омӯзиш нишон дод, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон, муносибати омӯзгорон бо онҳо, раванди касбу ҳунаромӯзӣ ва истироҳату фароғати кӯдакон дар Муассиса риоя гардида, ҳифзи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Муассиса хуб ба роҳ монда шудааст.

Пас аз аноми саниш бо роҳбарияти Муассиса суҳбат гузаронида шуда, иҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Муассиса тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal