ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

29
майи
2024

Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд!

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Дар воқеъ пайдоиши ин ид бо ҷаласаи махсуси Федератсияи байналмилалии демократии занон (соли 1949) рабт дорад, ки дар он дар бораи таъмини некӯаҳволии кӯдакон қарор қабул гардид. Зарурати таъсис додани ин ид дар он буд, ки солҳои баъдиҷангӣ кӯдакон дар вазъияти хеле ногувор қарор доштанд. Аксарияти кӯдакон аз падару модар, хонаву ҷой маҳрум шуда, маҷбур буданд бо талбандагиву дуздӣ рӯз гузаронанд. Кӯдакони зиёд аз гуруснагиву беморӣ мефавтиданд. Ҳолати мазкур ҷомеаро бетараф гузошта наметавонист.

 

  Бо мақсади инъикоси ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ассамблеяи генералии СММ соли 1959 Эъломияи умумии ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Муқаррароти асосии Эъломия дар он ифода меёбад, ки “инсоният бояд беҳтарин чизеро, ки дорад, ба кӯдакон диҳад”. Он аз волидайн, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро эътироф ва барои амалишавии онҳо мусоидат намоянд.

Баъдан, соли 1989 аввалин санади байналмилалии барои давлатҳои иштирокчӣ ҳатмӣ - Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардид. Санади мазкур ба саъю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати эътирофи кӯдак ҳамчун шахсияти комилҳуқуқ ва зарурати бо дарназардошти хусусиятҳои хос ва осебпазирии кӯдакон мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор дода шудани онҳо нуқта гузошт.

Дар замони муосир низ кӯдакон ба ғамхорӣ ниёз доранд. Ҳақиқати ногузир чунин аст, ки кӯдакон дар ҷомеаҳои гуногун бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаасифона ҳар гуна мушкилоти иҷтимоии замони муосир, аз қабили камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, зӯроварӣ, бемасъулиятии волидайн, ояндабин набудани калонсолон ҳангоми ҳалли масъалаҳои оилавӣ, муҳоҷират, мавҷуд будани иттилооти барои кӯдакон зараровар ва дигарҳо дар навбати аввал метавонанд таъсири манфии худро ба кӯдакон расонанд.

Гуруҳҳои алоҳидаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим, бепарастор, маъюбиятдошта, кӯдакони мубталои бемориҳои гуногун, кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда бештар осебпазиранд ва нисбати худ ғамхорӣ ва муносибати махсусро талаб менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 40% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буда, ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд.

Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба танзим медарорад. Он кафолатҳои асосии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, муқаррар менамояд.

Ҳоло дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 30 ҳуҷҷатҳои стратегӣ амалӣ шуда истодаанд, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд.

Ислоҳот ва рушди низоми маориф ва дар ин робита таъмин намудани баробарӣ ва дастрасӣ ба таҳсил, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он аз мақсадҳои стратегии миллӣ ба шумор мераванд. Тадбирҳои дар ин самт андешидашаванда боиси ҳамасола зиёд шудани фарогирии кӯдакон бо таҳсил мегардад.

Мусоидат ба инкишофи шахсият, истеъдод, қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи муҳими давлат ба шумор меравад. Муносибати мо нисбати кӯдакон, қобилияту истеъдоди онҳо кафолати ояндаи бомуваффақияти кишвар аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.

Ташаккули комили шахсияти кӯдак, тарбияи дурусти ӯ дар оилаи солим, дар муҳити меҳру муҳаббат имконпазир аст. Аз ин рӯ, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор медиҳад. Бо ин мақсад тадбирҳои дахлдор бобати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди шаклҳои алтернативии тарбия дар оила андешида мешаванд.

Имрӯз масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак дар робита бо Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ мегарданд. Зеро бе рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ҳуқуқҳои кӯдак наметавонанд самаранок амалӣ шаванд ва кӯдакон бошанд дар баробари ин метавонанд ҳамроҳи калонсолон дар бунёди ҷомеаи осоишта ва пешрафта саҳмгузор бошанд.

Хулоса кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем.

Ёрдамчии Муовини Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор

оид ба ҳуқуқи кӯдак дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Давлатов Ҳ.


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal