ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Апрел 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
30 31 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 1 2 3

girl boy3

7
апрели
2026

Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

 

Санаи 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи 6-уми Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи зикршуда вобаста ба ҷараёни омодагии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаронидани аксияи байнидавлатии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар ИДМ» (рӯзҳои 6-10 апрели соли чорӣ) иттилои аъзои Комиссия шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

 

Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси қарори Шурои сарони давлатҳои ИДМ аз 14 октябри соли 2022 соли 2026 - «Соли ҳифзи саломатӣ дар ИДМ» эълон гардидааст. Дар ин зимн, 29 сентябри соли 2025 бо қарори Шурои мазкур Нақшаи чорабиниҳо дар соли 2026 оид ба омодагӣ ва баргузории «Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба тасвиб расидааст, ки тибқи банди 2.8 он - Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» аз рӯйи самтҳои гуногун пешбинӣ карда шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани қарор ва Нақшаи чорабиниҳои болозикр бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии баргузории аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» таҳия гардида, он бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои чораҷӯйӣ ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда шуд.

      Тибқи Нақшаи мазкур дар мамлакат санаҳои 6-10 апрели соли 2026 баргузории  чорабиниҳои мухталиф дар назар буда, имрӯз дар бинои МД «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маросими ифтитоҳи расмии аксияи ҷумҳуриявӣ - «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» роҳбарият ва масъулони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи ВҲИ


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal