ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
11
декабри
2025

Мизи мудаввар бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти мониторингӣ дар муассисаҳои кӯдакона дар ҳошияи Рӯзи ҳуқуқи инсон ва “Ҳафтаи ҳуқуқи инсон" (11 декабр, ш.Душанбе, меҳмонхонаи “Ҳилтон”)

Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» чорабиниҳои гуногун мегузаронад.

Дар ин робита, ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2025 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки бо кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 11 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо мусоидати дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ У.Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эри Двиведӣ – муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, М.Бобоҷонзода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, З.Абдусаматзода – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириву иқдомоти муассири давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмин манфиатҳои беҳтарини кӯдакон махсус таъкид гардид.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ масъалаҳои, ҳамгироии иҷтимоии занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардондашуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҳошияи таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон матраҳ гардида, дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа тавзеҳ дода шуд.

Дар рафти мизи мудаввар масъулини самти кор бо кӯдакон бо "Сипоснома"-и Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қадрдонӣ шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal