ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

20
марти
2022

Ба истифода додани бинои Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдакон бо номи "Зарринтоҷ" дар ноҳияи Кӯшониён

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдаконро бо номи "Зарринтоҷ" мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

зарин точ кушрониен
Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир аст, 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, фарзандони мардуми ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

зарин точ куииишониен

Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар мудати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин маркази таълимӣ, Пешвои муаззами миллат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти зебову замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

зарин точ1 кушпртониен


Дар ошёнаи якум ҷойи бозиҳои шавқовари кӯдакона бо ҳама шароит ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ ва як синфхонаи рассомӣ мавҷуд мебошад.
Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдакон бо номи "Зарринтоҷ" ҳамзамон дар саҳни ҳавлии он 4 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ҳайвоноти гуногун сохта шудааст.

зарин точ кушпртониен

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal