ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

23
ноябри
2021

Иштирок дар Анҷумани байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак

Ҷаҳони мутамаддин ҳамасола 20 ноябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил менамояд ва дар ин радиф чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд.

Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ки соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак ва 75-солагии таъсисёбии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид, Анҷумани байналмилалӣ мебошад, ки ба таври фосилавӣ рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ташкил ва гузаронида шуд.

Анҷумани мазкур бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии байналмилалии “Замин” (Ҷумҳурии Узбекистон) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда шуда, дар кори он намояндагон аз 20 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 140 созмону ташкилотҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла, бо даъвати Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён М. А. ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам У. Бобозода сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ А. Содиқов дар Анҷумани мазкур иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои беҳтар кардани шароити зист ва фароҳам овардани муҳити фарогир барои кӯдакони дорои маъюбият, такмили фаъолияти муассисаҳои миллии таълимӣ барои кӯдакони маъюб, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасии коршиносон қарор гирифтанд.

Зимни баргузории Анҷуман дар байни иштирокдорон табодули таҷрибаи пешқадам дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони дорои маъюбият сурат гирифт. Коршиносон дастовардҳои Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла қабули Қонун “Дар бораи ҳуқуқи маъюбон” ва ба тасвибрасонии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбонро қайд намуда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият дар сатҳи миллӣ ва тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal