ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид. Он тӯли як ҳафта дар саросари мамлакат доир мешавад.
Ҳамасола 2 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ҳанӯз аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (International Board on Books for Young People, IBBY), ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона шурӯъ гардида буд. Дар ин рӯз дар кишварҳое, ки узви ин созмон мебошанд, маросими бошукӯҳ баргузор карда мешавад.
Дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи китобу китобдорӣ ва ҳавасмандии кӯдакону наврасон ба китобхонӣ хеле боло рафтааст. Инчунин солҳои охир теъдоди чопи китоб зиёд ва сифати маҳсулоти чопӣ низ баланд гардида, нашри адабиёти бачагона рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Тӯли 10 сол мешавад, ки Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, то имрӯз китобхонаҳои мамлакатро бо китобҳои бачагона таъмин менамояд.
Директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Сулаймонӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба фаъолияти имрӯзаи муассиса ва нақши китоб барои насли ояндаи миллат чунин ибрози андеша намуд:
— Зербинои ҳар давлат аз тарбияи насли навраси он манша мегирад. Асоси тарбияи насли наврасу ҷавонро маърифатнокии баланди он ташкил медиҳад. Дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихии миллат аз шохаҳои маърифат дониста мешавад. Аз ин рӯ, тарбияи маънавии насли наврасу ҷавони имрӯз бояд дар мадди аввал гузошта шавад, зеро онҳо фардо тақдири ояндаи халқу миллат ва давлатдориро ба даст хоҳанд гирифт.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, инсон дар ҳама давру замон, новобаста аз тағйирёбии муносибатҳо ҳамеша ба тарбия ниёз дорад. Хусусан тарбияи насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «тарбияи насли наврасу ҷавон фақат як рукни сиёсати давлатӣ нест, балки он ҷавҳари тамоми сиёсати давлат аст». Рукни асосии тарбияро ҳамеша китобхонию донишомӯзии насли наврас ташкил мекунад. Ҳоло дар замони ҷаҳонишавӣ, ки раванди бархӯрди тамаддунҳо ба зеҳну равони инсоният таъсири амиқ мегузорад, ҷараёни кори тарбия низ гоҳо бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардад. Фазои иттилоотӣ то ҳадде васеъ аст, ки шуури заифи наврасону ҷавонон баъзан қудрати ҳазм, таҳлил ва ҷудо кардани ахбори манфиву мусбатро надорад.
Бинобар ин, Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» вазифадор аст, ки бо истифода аз неруҳои зеҳниву малакаи таҳлилгарии кишвар дар асоси беҳтарин асарҳои панду ахлоқии гузаштагон, бузургони олам ва асарҳои нависандагони муосир адабиёти бадеии бачагонаро ба насли наврасу ҷавон расонида, дар тарбияи онҳо имрӯз нақши калидӣ бозида тавонад.
Ҳабиб Сулаймонӣ зикр дошт, ки «тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 57 ҳазору 200 нафар кӯдакону наврасон ба ҳисоб гирифта шуда, ҳамзамон ҳар сол 200 ҳазор таваллуди кӯдак ба қайд гирифта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар 5 соли оянда барои як миллион насли навраси муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ адабиёти аз синни 3 то 7-сола зарур мешавад. Инчунин таҳия ва омода намудани асарҳои бачагона бояд, ки қабл аз ин тарҳрезӣ карда шавад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои илмомӯзиву донишандӯзии насли наврасу ҷавон шароиту имконияти зарурӣ фароҳам овардааст ва ҳар кӯдак метавонад дар ин муҳит истеъдоди худро ошкор намуда, рушд диҳад.
Мавсуф тазаккур дод, ки «агар мо аз ҳар номгӯй китобҳои бачагона 500 нусхагӣ чоп намоем, дар ҳоле, ки қариб се миллион хонанда дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фарогиранд, онҳоро пурра бо ғизои маънавӣ таъмин карда наметавонем. Дар ин ҳол чопи ҳар номгӯй китоб аз 5000 то 10 000 нусха ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зиёд гардидани теъдоди китобҳои бачагона ба паст рафтани нархи китоб мусоидат хоҳад кард».
Ҳабиб Сулаймонӣ иброз дошт, ки «адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи кӯдак мебошад, ба вуҷуд меояд. Барои ҳавасмандӣ ба китоб ва дар замири кӯдакон ҷой намудани меҳри он волидайн муваззафанд. Зеро китоб дӯстест, ки ба ту хиёнат намекунад, рафиқест, ки туро хаста намекунад, роҳнамоест, ки туро ба бадбахтӣ намеандозад. Ҳар чӣ бештар ба китоб бингарӣ, туро баҳраманд месозад ва истеъдодҳоятро шукуфо, забонатро шево ва сохторатро зебо мегардонад. Ҳар чӣ бештар китоб бихонӣ, суханону калимаҳои зебое аз забонат берун хоҳанд омад ва дар натиҷа хурсанду ором хоҳӣ гашт».
Орзу мекунем, ки дар зиндагии мардуми тоҷик китоб наздиктарин мунис ва дӯсташон бошад, зеро ба гуфтаи шоир:
Он ёр, ки хомӯшу сухангӯст, китоб аст,
Он кас, ки накухоҳу накухӯст, китоб аст.
Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ
Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»