Санаи 29 январи соли 2021 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Серватюк Василий Николаевич вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва ёддошти Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муроҷиати шаҳрванди Украина Д.Ю. оид ба масъалаи баргардонидани фарзандони ноболиғи ӯ баррасӣ гардид.
Ҳабибулозода Р.Ҳ. ташрифи Сафир ва ҳамроҳони ӯро ба дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, сипас оид ба шароити зиндагӣ ва вазъи риояи ҳуқуқҳои фарзандони шаҳрванди Украина Д.Ю., ки дар ҷумҳурӣ ҳамроҳи падарашон зиндагӣ мекунанд, маълумот дод.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк Василий Николаевич иброз доштанд, ки бо арзишҳои миллии тоҷикон ва хусусиятҳои хуби ибратомӯзи тарбияи фарзанд, хурмати падару модар ва пиронсолон ва ғамхорӣ нисбати кӯдакон аз наздик шинос буда, барои таъҷилан баррасӣ намудани ин муроҷиат аз ҷониби мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сохторҳои дахлдор изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳабибуллозода Р.Ҳ. омодагии мақомотро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо Сафорат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон иброз намуд.
Дар охири мулоқот ҷаноби Сафир Серватюк В.Н. барои пазироии самимӣ ва омодагии ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати баррасии муроҷиати шаҳрванд Д. Ю. ва давом додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуд.