Санаи 4-уми октябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Мавҷигул Давлатшоева — мудири Бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нарзулло Каримов — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст З.Ализода ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Н.Давлатшоева дар баромади худ атрофи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашаванда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз шуҳрат ва эътибори хос бархурдор буда, тавассути забон ҳуввияти миллии мо ҳифз карда мешавад.
Барои иштирокчиёни мизи мудаввар аз ҷониби Каримов Н. — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ оид ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ муфассал маълумот дода шуд. Таъкид карда шуд, ки барои истифодаи дурусти забон ва хат донистани қоидаҳои имло зарур аст.
Сипас миёни иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ З.Ализода ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдибориҳоро таманно намуданд.