МЕНЮ
30
декабри
2020
|
Табрикоти солинавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |

Дӯстони азиз!
Фарорасии Соли нави 2021-ро ба Шумо муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки танҳо хотираҳои нек дар бораи соли гузашта дар қалбҳои Шумо боқӣ монанд.
Дар Соли нав ба Шумо, волидайн ва наздиконатон саломатӣ, табъи болида, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназир орзумандем. Ба Шумо хониши хубу аъло, дӯстони вафодору меҳрубон ва амалишавии тамоми орзую ниятҳоятонро таманно дорем.
Бигзор дар ҳар як хонаводаи Тоҷикистони азизамон мустаҳкамии оила, ҳамдигарфаҳмӣ ва беҳбудӣ ҳувайдо бошад.
Соли наватон Муборак!