ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Ноябр 2020
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

girl boy3

20
ноябри
2020

Солимии аҳолӣ-сарвату боигарии бебаҳои давлат

Ба муносибати 31-солагии
қабули Конвенсияи СММ дар
бораи ҳуқуқҳои кӯдак
 
 
Солимии аҳолӣ-сарвату боигарии бебаҳои давлат
 
 
Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди солимии аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ иштирокчии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад.
 
Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи низоми тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кудак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи ҶТ кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тибби ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.
Барои дар амал татбиқ шудани меъёри зикргардида дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, стратегия ва барномаҳои дахлдор қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси тандурустии ҶТ, Стратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ барои солҳои 2010-2020, Барномаи миллии иммунопрофилактика дар ҶТ барои солҳои 2016-2020, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо мебошанд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошанд, бо сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4369 баробар гардида, сохтмони даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷиҳати солим нигоҳ доштани шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати ҶТ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки дар натиҷа солҳои охир сатҳи фавти модарону кӯдакон паст гардидааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ санаи 18.08.2020 таъкид карданд: “ Дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат тайи солҳои истиқлоли давлатӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан дуюним ва сеюним баробар паст гардидааст. Тибқи омори расмӣ, агар соли 1991 нишондиҳандаи фавти кӯдакони то яксола ба 40,9 баробар шуда бошад, ин рақам соли 2019 ба 14,9 нисбат ба 1000 зиндатаваллудро ташкил кардааст”.
Мувофиқи маълумотҳои ВТҲИА ҶТ соли 2019 дар ҷумҳурӣ 246175 кӯдак таваллуд шудааст, ки аз ин шумора 125 549 нафар писар ва 120 626 нафарашон духтар мебошанд.
Тибқи замимаи №1 ба Фармоиши якҷояи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Вазири молияи ҶТ №938-135 аз 05.11.2014 кӯдакони то 1-сола, кӯдакони маъюби то 18-сола, кӯдакони ятим, ки дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд, ба гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.
Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кудакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.
Бинобар ин, дар натиҷаи давра ба давра аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани кӯдакон теъдоди шахсони мубталои бемориҳои сироятӣ тавассути гузаронидани ваксинаҳо кам гардид.
Яке аз бемориҳои сироятие, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷомеа гаштааст ВНМО ба ҳисоб меравад. Мутаасифона ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Чунон чи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ санаи 18.08.2020 таъкид карданд: “Таҳлили вазъи сирояти вируси норасоии масунияти одам нишон медиҳад, ки он тамоюли зиёдшавӣ дошта, ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 дар кишвар расман 12666 нафар шахсони бо ин вирус сироятёфта ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 3455 нафар фавтидааст”. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин рӯ ҳар як нафар сироятёфтаи ВНМО имконият дорад, ки вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархурдор бошад. Инчунин ба оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони то 16-солаи гирифтор ВНМО зиндагӣ мекунанд, кӯмакпулиҳои моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232) дода мешавад.
Дар солҳои охир барои таъмини ғизои кӯдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ғизои кӯдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин раванд бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакон тавассути беҳтар намудани ғизо ва фаъолияти ҷисмонии онҳо дар ҷумҳурӣ Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 феврали соли 2015 №102 тасдиқ гардидааст, ки механизми татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши рушди ғизои мактабӣ муайян менамояд. Дар баробари ин “Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027” бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 сентябри соли 2017 №456 тасдиқ карда шудааст.
Ғизои дуруст ба инкишофи муътадили ҷисмонию фикрии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Ғизои нокифоя кӯдакро аз рушду инкишоф бозмедорад, муқобилияти узвҳоро ба бемори суст менамояд. Кӯдакон ва наврасон бояд мувофиқи талаботи ба моддаҳои ғизонок доштаи организм, инчунин аз руи таносуби дурусти байни моддаҳои ғизо хӯрок истеъмол намоянд.
Таъмини бехатарӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ омили пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди зукоми хавфнок, бемории шадиди роҳи нафас COVID-19, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омад ва бо шиддат дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, мубориза бурда истодааст.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ, ташфиқоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқоматию муассисаҳои иҷтимоӣ ва ташкилоту корхонаҳои давлатӣ пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.
Тибқи тавсияи мутахассисон риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ омили пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба кӯдакон лозим аст барои худ ва дигаронро аз сироят ҳифз намудан қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.
Дар баробари кудакон падару модарон уҳдадоранд риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиении фарзандонро назорат намоянд, то худ ва фарзандонро аз сироятшавӣ эмин доранд. Зеро тарзи зисту зиндагии инсон барои муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ нақши асосӣ дорад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти ҳар як шахс вобаста аст. Бинобар ин, солим будан бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад.
 
 
Мутахассиси пешбари Шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Машрабзода А.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Тарбияи кӯдаки ятим дар куҷо беҳтар аст:

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal