МЕНЮ
8
сентябри
2020
|
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд |
ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.
Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни бунёди он коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.
Атрофи Парчами давлатӣ бо сангҳои гуногун оро дода шуда, тамоми роҳравҳо сафолакпӯш гардидааст. Масоҳати гулгашти майдони Парчами давлатӣ беш аз 3 ҳазору 790 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин роҳҳои атрофи майдони Парчам дар масоҳати 1200 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидаанд, ки барои рафтуои бемамониати нақлиёт мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 367 иншоот дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз аллакай 182-тои он пурра ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳо идома доранд.