ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

21
августи
2020

Бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии мактаб бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Рустам Маҳмадалиев, Маҳмуд Тешаев, Сорбон Абдураҳимов, Умед Илёсов, Дилшод Давлатов ва кумитаи падару модарон ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ифтитоҳи бинои иловагии муассиса раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  иштирок дошт. Муассисаи мазкур аз 4 синфхона иборат буда, барои 120 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо шароити зарурӣ пешниҳод гардид.
 
Бинои асосии муассисаи мазкур соли 1976 барои 960 нафар ба истифода дода шудааст. Дар муассисаи мазкур 1807 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта шуда, ба онҳо 80 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Муассиса дорои 38 синфхона, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ду майдончаи варзишӣ мебошад.
 117973614 2977710945689231 322370357768337929 o
Дар соли таҳсили нав дар ин муассисаи таълимӣ 207 нафар кӯдакон ба синфи якум қабул карда шудаанд.
 
Раиси вилоят ба  падару модарон ва омӯзгорон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии фарзандон тавсия дода, зикр намуд, ки саломатии миллат, хусусан кӯдакон боигарии давлат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal