ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Фармоишгари иншооти навбунёди соҳаи маориф Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат аст ва барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он аз 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ , тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Илова бар ин дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки дорои 10 адад компиютер буда, дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан омӯзгорон дар мактаби як ошёнаи кӯҳна ба хонандагон дарс мегуфтанд, ки шароити ногувор дошт. Акнун, дар маркази ноҳияи Рӯшон мактаби наву замонавӣ бунёд гардид, ки орзуи деринаи сокинон амалӣ гардид ва минбаъд хонандагон дар муассисаи барҳавову замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи ҳозиразамон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Шумораи умумии омӯзгорон дар ин муассисаи таълимӣ 48 нафар мебошад ва 8 нафари онҳо мутахассисони ҷавонанд. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст ва барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ошхона ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегардад.
Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Толори мазкур асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2018 ва 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаи пешинаи таълимӣ, ки 36 нафарро дар бар мегирифт, 28 нафарашон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, 5 нафар тибқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ду нафар ба омӯзишгоҳҳои касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи ҳамкории зичи волидон бо аҳли омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва илмомӯзии худи хонандагон арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз аст.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.
Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои навбунёд камераҳои назоратӣ насб гардидааст.
Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 ҳидоятҳои судманд доданд.
Саҳни ин бинои таълимиро Парчами давлатӣ бо сутунпояи 11 метра оро медиҳад. Барои зебою назаррабо гардидани атрофи муассисаи таълимӣ майсазор гардида, гулҳои мавсимии рангоранг ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.