МЕНЮ
15
августи
2020
|
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар веб-Форум |
Рӯзҳои 12 ва 13 августи соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. дар Форуми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи: “Ҷавонон 2020: Ҳамраъйии глобалӣ, рушди босубот ва ҳуқуқи инсон” иштирок кард.
Форуми мазкур дар доираи 75 солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он масъалаҳои вобаста ба такмили стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи ҷавонон, ҳуқуқҳои ҷавонон ва ҳадафҳои рушди устувор, таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои ҷавонон ва нақши ҷавонон дар таъмини сулҳ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар доираи барномаи Форум лоиҳаи Конвенсяи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои ҷавонон, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Узбекистон таҳия гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иштирокчиёни Форум қайд намуданд, ки ҷавонон, ки 1,8 миллиард аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди ҳар як ҷомеа ва давлат мебошанд. Муносибати эҷодкорона ва иқтидори ҷавонон барои рушди ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ, зарурати эътинои саривақтӣ ва самаранок ба хатару таҳдидҳои замони муосир бе иштироки фаъоли ҷавонон ғайриимкон аст.
Ҳабибуллозода Р. дар бораи таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва тадбирҳое, ки ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа андешида мешаванд, суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ ӯ ҳамчунин дар бораи таҷрибаи ҷумҳурӣ дар самти таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, якчанд ҳуҷҷату барномаҳо, аз қабили Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 ва дигарҳо қабул ва самаранок амалӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни Форум таҷрибаи ҷумҳуриро дар ин самт хуб арзёбӣ намуданд.