ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

18
июни
2020

«Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам!». Таҳти ин ном дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавон сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 июни соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам!»  баргузор мегардад.
 
 
Тавре аз ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши  мазкур  ташаккули арконҳои Ваҳдати миллӣ миёни насли ҷавон, расидан ба қадри оромиву осудагӣ ва пеш аз ҳама ёдоварӣ аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии Ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон мебошад.
 
Ҳамчунин дар доираи баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» муроҷиатномаи ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул  мешавад.
 
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal