МЕНЮ
1
майи
2020
|
Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон ва олимпиадаҳои номӣ муайян шуданд |
ДУШАНБЕ, 01.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимпиадаҳои номӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе соҳиби 119 ҷойи ифтихорӣ — 26 медали тилло, 30 медали нуқра ва 63 медали биринҷӣ, вилояти Суғд 99 ҷойи ифтихорӣ — 15 медали тилло, 30 медали нуқра ва 54 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон 81 ҷойи ифтихорӣ — 8 медали тилло, 24 медали нуқра ва 49 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 32 ҷойи ифтихорӣ — 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ ва ВМКБ 13 ҷойи ифтихорӣ — 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Даври ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 18 ва 19 апрели соли равон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мавриди зикр аст, ки олимпиадаи мазкур дар худи макарзҳои вилоят баргузор гардид. Яъне барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» ва барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» ба хотири ҷилвагири ва сироят наётани муҳаасилин ба бемории сирояти коронавирус баргузор гардиданд, ки натиҷаи онро дар Маркази милли тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Ба гуфтаи масъулони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври номии олимпиадаи мазкур ба он хорит гузаронида шуд, ки ба хатмкунандагоне, ки дар олимпида иштирок намудаву ҷойҳои намоянро ба даст меоранд, имтиёзҳо муқаррар гардидааст.
Тибқи низомномаи олимпиадаҳои мазкур ғолибоне, ки соҳиби Дипломи дараҷаи 1, 2, 3, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд, барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос мутаносибан соҳиби 100, 75 ва 50 бал иловагӣ гардиданд.
Ҳамчунин иштирокчиёне, ки дар даври чоруми Олимпиада аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо туҳфа, медал, «Дипломи дараҷаи 1» ва «Тавсиянома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисоси соҳаи омӯзгорӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар олимпиадаҳои мазкур аз рӯи 13 фанни таълимӣ, 945 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуда, 344 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ — 53 медали тилло, 92 медали нуқра ва 198 медали биринҷӣ гардиданд.