МЕНЮ
28
апрели
2020
|
Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат |
Ҳуқуқ ба меҳнат яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои иҷтимоӣ - иқтисодии ҳар як шас ба шумор меравад. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.” Муқаррароти мазкур ба кӯдакон низ дахл дошта, дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ васеътар тавзеҳ ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” омадааст, ки кӯдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.
Аммо вобаста ба хусусиятҳои ҷисмонию равонӣ ва ҳифзи манфиати беҳтарини кӯдакон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баъзе талаботҳои махсусро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, синну соли ба кор қабул намудан, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз понздаҳсолагӣ муқаррар намудааст. Дар ҳолатҳои истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.
Талаботи дигари қонунгузорӣ ин аст, ки кӯдакон танҳо бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниашон метавонанд ба меҳнат машғул шаванд. Яъне корфармо набояд бе розигии падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак ўро ба кор қабул намояд. Агар идома додани кор ба саломатии кӯдак зарарнок бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.
Ҳамчунин меҳнати кӯдак бояд дар вақтҳои фориғ аз таҳсил ба роҳ монда шавад ва ба раванди таълим халал нарасонад, ба саломатию инкишофи зеҳнии кӯдакон мувофиқ бошад ва ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равонии онҳо зарар нарасонад. Шартномаи меҳнатӣ бо кӯдакон танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад ва то ба синни ҳаждаҳ расидан онҳо ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Қонунгузорӣ барои кӯдакон давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муқаррар кардааст, ки барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта, барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта мебошад. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз ва аз чордаҳсола то шонздаҳсола 2,5 соат дар як рӯз мебошад.
Масъалаи дигари муносибатҳои меҳнатӣ ин таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кӯдакон мебошад. Қонунгузории соҳаи меҳнат корфарморо уҳдадор намудааст, ки шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намояд ва ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани кӯдаконро ба корҳои шабона, изофакорӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳоро аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ кардааст.
Ҳамчунин кӯдаконро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, ҷалб намудан манъ аст. Вобаста ба ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад” ва дигар сандаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Умуман ҳуқуқи кӯдакон дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Ин кафолатҳо ба таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон ва барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон равона карда шудааст.
Раҳимов С.Р.
сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон