ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

22
апрели
2020

Озмуни лоиҳаи экологӣ барои мактаббачагон ба Рӯзи байналмилалии Замин бахшида шуд

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳаи экологӣ барои мактаббачагон оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, лоиҳаи омода намудаи худро муаррифӣ ва пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
 
Хонандаи синфи 9-и мактаби миёнаи умумии №55 шаҳри Душанбе  Абдулло  Абдураҳимов дар муаррифии лоиҳаи гурӯҳии худ роҳҳои тоза намудани  каналҳоро иброз дошта, зикр намуд, ки далелҳои асосии ифлосшавии табиат — ин сараввал маърифати  пасти экологии бархе аз  одамон мебошад. Зеро ин нафарон дидаву дониста, партовҳои худро на дар ҷойҳои махсус, балки дар атрофи ҷойҳои истиқоматии худ мепартоянд. Имрӯз қисми зиёди ин партовҳоро  зарфҳои пластикӣ ташкил медиҳанд. Бештари онҳо дар дохили ҷӯйбор ва каналҳои обгузар партофта мешаванд. Ин бешубҳа, аз дониши хуби  экологӣ надоштани ин гуна шаҳрвандон дарак медиҳад, ки қонунҳои экологиро риоя накарда, табиатро бо  дастони худ ифлос мекунанд.
 
Ҳамчунин номбурда мегӯяд, ки ҳадаф аз омода намудани лоиҳаи мазкур- ин тоза нигоҳ доштани каналҳои обгузар ва ба ҳусни шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам намудан аст.
 
Рӯзи байналмилалии Замин соли 1970 дар Амрико дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  эълон гардидааст.  Ин рӯзро дар баробари ИМА беш аз 192 давлати дунё  ҷашн гирифта, онро ба анъанаи ниҳолшинонӣ алоқаманд мекунанд.
 
Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи сайёра мебошад.
 
Ҷашн гирифтани Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дошта, ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё бо ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ роҳандозӣ карда мешавад.
 
АКС аз бойгонӣ
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal