МЕНЮ
6
марти
2020
|
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии «Занон дар политсия» дар Тифлис иштирок доранд |
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 март дар шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси байналмилалии «Занон дар политсия» ҷараён дошта, дар он 275 нафар кормандзанони полис аз 11 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар конфронс давлати моро сардори сомонаи расмии ВКД, подполковники милитсия Гул Маҳбуба, прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук, мушовири адлияи дараҷаи 1- Дилафрӯз Толибова, сарнозири шуъбаи таҳлил ва омори гумруки Раёсати гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, капитани хадамоти гумрук Фарида Расулова, нозири калон оид ба супоришҳои махсуси шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Таҳмина Мамадсалимова ва намояндаи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ доранд.
Дар конфронс мавзӯъҳои «Пешоҳангӣ дар замони нооромӣ», «Мубориза бо хариду фурӯши одамон», «Зан ҳамчун роҳбар дар ҷаҳони мардон», «Тафтишоти ҷойи ҳодиса», «Қабули қарор бо истифодаи қувва» ва усулҳои худмуҳофизатӣ барои занон-афсарон омӯзонида мешаванд.
Зимни конфронс масъалаҳои баробарии мардону занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳҳо ва усулҳои самараноки истифода бурдани технологияҳои нави криминалистӣ ҳангоми ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни он занони полис оид ба таҷрибаи худ ҳангоми фаъолияти хизматӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ табодули афкор менамоянд.
Конфронси занони полис то 6 марти соли равон идома меёбад.