27 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пеш меравад ва ба шарофати истиқлолият имрӯз мо соҳиби рамзҳои давлатӣ чун Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ гардидем.
Санаи муҳими таърихи миллат ба ҳисоб рафтани 9-уми сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пушид ва миллати тоҷик аз нав соҳибдавлат шуд. Вале мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ дар таҷрибаи давлатсозии оғози истиқлолият оқилона истифода нашуд.
Дар солҳои аввали эълони истиқлолият дар кишвар тазоҳуроту муқовиматҳои сиёсӣ оғоз шуданд ва давлати навқадами тоҷикон дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар шароити душвор, ки миллат ба доми бало гирифтор шуда буд, ҷомеаро ноумедӣ пахш мекард ва ҳеҷ кас ба рўзи оянда умед надошт. Маҳз, Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тавассути сиёсати дурбинонааш давлатдории яклухти ҳудуди мамлакатро нигоҳ дошта, истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз намояд, ки ин марҳиларо оғози бунёди давлати воқеии соҳибистиқлоли тоҷикон шуморидан мумкин аст.
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ яке аз рӯйдоди муҳими таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин се арзиши муҳими асосии миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбад.
Маҳз тавассути ҳамин се омил мақсадҳои олии миллат ва давлат таҳкурсии мустаҳками сулҳу субот ва муттаҳидиро дар ҷомеаи навини мо асос гузошт. 27 соли сипаригардида дурустии ин мақсадҳоро собит сохта, моро вазифадор месозад, ки дар асоси Ваҳдати миллӣ қадамҳои худро дар ин роҳи таърихии миллат пай дар пай ва устуворона гузорем.
Ҳамин тариқ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол, ки аз ҷумлаи дасовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муаррифӣ намуда, ба таъсисёбӣ, ташаккул ва рушди як қатор ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ замина гузошт.
Дар тули 27 соли соҳибистиқлолӣ асосҳои конститутсионализм рушд намуда, 3 маротиба ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки паҳлуҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеаро дар бар гирифта, барои рушди бемайлони Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Истиқлолият ба тоҷикистониён имконияти аз ҳуқуқҳои сиёсии худ ба таври васеъ истифода бурданро фароҳам овард. Дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ маданияти сиёсии шаҳрвандон рушд намуда, бо истифода аз ҳуқуқҳо ва уҳдадориашон дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва райъпурсиҳои умумихалқӣ дар асоси принсипҳои умумӣ, баробарӣ ва шаффофият иштироки фаъолона намуданд.
Ҳамчунин дар солҳои Истиқлолият принсипҳои муҳими сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар ин самт ташаккул ёфтанд.
Дар ин самт иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудани он мебошад. Нахуст 26 феврали соли 1992 баъд аз ба имзо расонидани Санади хотимавии Хелсинки Тоҷикистон ба узвияти САҲА қабул гардид ва 2 марти соли 1992 бошад дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генралии СММ қатънома оид ба қабули Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона қабул карда шуд.
Пас аз пазируфта шудани давлати ҷавони Тоҷикистон ба узвияти ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расонида шудаанд. Аз ҷумла, оид ба ин санадҳои муътабари байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърўзаҳои миллии худро дар сохторҳои дахлдори СММ ҳимоя карда, тавсияҳои пешниҳодшударо амалӣ карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид сол ба сол мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Оғоз бахшидани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар Иҷлосияи 72 Маҷмааи кулли СММ ва дар ҳошияи Иҷлосияи мазкур санаи 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Кафолатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ намудаанд, дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ инкишоф дода шудаанд.
Аҳамияти Барномаҳои миллӣ, Консепсия ва Стратегияҳо, ки дар самтҳои алоҳида қабул шудаанд дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим доранд.
Дар даврони Истиқлолият дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.
Таъсис додани Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намуд.
Муколама байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ниҳодҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, аз қабили Комиссияи Аврупо, ИМА ва Шветсария оид ба ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола баргузор мегарданд, барои рушди минбаъдаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамоянд.
Яке аз комёбиҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият бо назардошти эътирофи принсипу меъёрҳои байналмилалии инсондўстӣ татбиқ накардани ҷазои қатл мебошад.
Иқдоми дигари муассир дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи сиёсати иҷтимоӣ амалӣ намудани барномаҳои мухталиф барои беҳтарсозии шароити зист ва табобати шахсони аз лиҳози саломатӣ имкониятҳояшон маҳдуд мебошад. Соли 2016 зимни ҳимояи ҳисоботи навбатӣ дар доираи Шарҳи умумии даврӣ Тоҷикистон тавсия дар бораи ба имзо расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро қабул намуд ва чуноне, ки болотар қайд гардид, санаи 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ба имзо расонидани ин санади муътабари байналмилалӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд таккони ҷиддӣ мебахшад.
Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурўҳҳои осебпазири ҷомеа, яъне онҳое, ки воқеан муҳтоҷи ёрӣ мебошанд, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ба шумор меравад.
Ғамхорӣ нисбати кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо дар маркази диққати ҳукумат қарор дорад. Барои таъмини шароити зинадгии арзанда ба кўдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хўрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кўдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. Се маротиба (солҳои 2000, 2010 ва 2017) ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ пешниҳод намудани гузоришҳои даврӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба чораҳои андешидашуда, таҳияи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022, таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» аз ин қабиланд.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 28 ноябри соли 2001 ба тасвиб расонида, барои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2015» қабул намуд.
Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба Созмони Миллали Муттаҳид тибқи расмиётҳои мавҷуда давра ба давра гузоришҳои худро тибқи механизмҳои сохторҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ ирсол менамояд. Инчунин пешниҳоди саривақтии ҷавобҳои мушаххас ба саволҳои кумитаҳои дахлдори СММ тибқи расмиёти шикоятҳои инфиродӣ ба кумитаҳои СММ ва расмиётҳои дигари махсус (маърӯзачиёни махсус) аз пешравиҳои дигари даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони Истиқлолият, аз соли 2005 инҷониб тибқи расмиётҳои махсуси СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 Маърӯзачиёни махсуси СММ ташриф оварданд. Танҳо дар соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи механизмҳои шартномавӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ ва Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ду протоколи иловагӣ ба он ва Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ гузоришҳои даврӣ пешниҳод намуд. Пас аз баррасии гузоришҳо дар Кумитаҳои СММ ва пешниҳод шудани тавсияҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати иҷрои онҳо нақшаҳои миллии амалро таҳия ва тасдиқ намуда, амалисозии нақшаҳо дар ин самт идома доранд. Соли ҷорӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон гузориши даврии худро ҳимоя мекунад.
Яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон дар мамлакат чораҳои дахлдорро андешида истодааст.
Бо мақсади ҷалби васеи мутахассисон ва коршиносон ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон Шўрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст. Ба ҳайати Шўро 15 нафар намояндагон аз мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, олимону коршиносон, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҷриба доранд, ворид шудаанд.
Бо ташаббуси мақомот Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2012 №678 тасдиқ гардидааст. Барномаи мазкур фарогири таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, курсҳои омўзишӣ ва бозомўзии муаллимон, судяҳо, хизматчиёни шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳҳо мебошад.
Соли 2015 Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015 ҷамъбаст гардида, Стратегияи нави мақомот барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 таҳия ва тасдиқ шуданд.
Бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак, татбиқи ҳуқуқи инсон ба муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва тавсеаи фарогирии фаъолият дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои вилоятҳои кишвар Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дар шаҳру навоҳии он Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, фаъолият карда истодаанд.
Дар умум моҳияти Истиқлолияту Соҳибихтиёрӣ ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол кишвари хело ҷавони мо дар назди имтиҳони камолот қарор дорад ва он дастовардҳое, ки дар ин мақола гирд оварда шудаанд қатрае аз баҳр буда, онҳо бе мавҷудият ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ имконнопазир буданд.
Азиз Солиев,
Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон