Оё дар пешбурди парвандаҳое, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ аст, иштироки ҳимоятгар ҳатмӣ аст?
Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошад, иштироки ҳимоятгар ҳатмӣ мебошад.
Гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ чӣ гуна ҳуқуқҳоро доранд
Гумонбаршуда, айбдоршавандагони ноболиғ чунин ҳуқуқҳо доранд:
- аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода баранд, бе мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунанд;
- нишондод диҳанд ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад;
- донанд, ки барои чӣ гумонбар шудаанд;
- нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гиранд;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- далелҳо пешниҳод кунанд;
- дархост изҳор кунанд;
- бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ў гузаронида шудаанд, шинос шаванд;
- раддия изҳор намоянд;
- аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намоянд.
Оё ноболиғро бо татбиқи чораҳои маҷбурии дигар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан мумкин аст?
Ноболиғи бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки ӯ метавонад бе татбиқи чораҳои ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ шавад. Дар ин ҳолат нисбати ноболиғи ҷиноятсодиркарда метавонад чунин чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявидошта татбиқ карда шаванд:
- огоҳ кардан;
- ба назорати падару модар ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ё мақоми давлатӣ оид ба кор бо ноболиғон супурдан;
- ба зимма гузоштани уҳдадории барқарор намудани зарари расонидашуда;
- маҳдуд кардани фароғат ва муқаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.
Ноболиғ барои пурсиш чӣ гуна даъват карда мешавад?
Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ноболиғе, ки дар озодӣ аст, ба воситаи падару модари ў ё намояндагони дигари қонунии вай ва агар ноболиғ дар муассисаи махсуси кўдакон бошад, ба воситаи маъмурияти ин муассиса ба назди муфаттиш ё ба суд даъват карда мешавад.
Хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ чӣ гуна аст?
Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида иштироки омўзгор ва (ё) равоншинос ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло омўзгор ё равоншинос бо салоҳдиди прокурор, муфаттиш ва ё бо дархости ҳимоятгар иштирок мекунад. Иштироки намояндагони қонунии шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ ҳангоми пурсиши онҳо ҳатмӣ аст.
Дар бораи дастгиркунии ноболиғ кӣ ва дар кадом муҳлат бояд хабардор карда шавад?
Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки ноболиғро дастгир кардааст, вазифадор аст бетаъхир аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷойи нигоҳ доштани дастгиршуда ё ивазкунии ҷойи нигоҳдории дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад.