ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ
4
сентября
2026

Мукофоти давлатӣ – арҷгузорӣ ба хизмати содиқона

 Дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар маросим Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора суханронӣ намуда, таъкид кард: «Имрӯз, дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо дар ин толор ҷамъ омадаем, то яке аз лаҳзаҳои муҳим ва пурифтихор - маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Шарифзода Талабшоҳ Акрам баргузор созем».

Қайд гардид, ки мукофоти давлатӣ на танҳо нишони сарисинагӣ ё ҳуҷҷати расмист, балки эътирофи расмии давлат ва халқи Тоҷикистон нисбат ба хизмати софдилона, содиқонаву пурмаҳсули шахс мебошад.

Дар ин замина, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Медали хизмати шоиста» ба Шарифзода Т.А. аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Иброз гардид, ки чунин қадрдонӣ барои баланд бардоштани ҳисси масъулият, садоқат ба Ватан ва фаъолияти боз ҳам самараноки кормандони мақомоти давлатӣ аҳаммияти басо муҳим дорад.

 

 

Дар фароварди чорабинӣ ҳозиринро Зариф Ализода ва Муқимӣ Нигора ба муносибати фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатии комил, осудагии рӯзгор ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.


Эмомали Рахмон

Цитата-3 Цитата-4 Цитата-5 Цитата-1 Цитата-2 Цитата-6

Цитата-3

В целях обеспечения защиты прав ребенка предлагаю создать в Республике Таджикистан институт Уполномоченного по правам ребенка. Э.Рахмон

Цитата-4

Воспитание и обучение детей и подростков является одной из основных задач социальной политики государства. Э.Рахмон

Цитата-5

Если мы хотим обеспечить достойное будущее Таджикистану, то сегодня мы должны создать необходимые условия для талантливых и одаренных подростков и молодежи. Э.Рахмон

Цитата-1

Сегодняшние дети завтра вырастут как патриотичное поколение и достойными гражданами нашего дорогого Таджикистана. Э.Рахмон

Цитата-2

Сегодня созданы все условия для обучения и воспитания детей и подростков. Э.Рахмон

Цитата-6

Нашим подросткам и молодежи необходимо ценить мир, спокойствие, политическую стабильность, независимость и свободу, как поколение, строящее будущее, стремиться к защите и умножению достижений независимости. Э.Рахмон

Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal