ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ
3
сентября
2026

Мулоқоти Нигора Муқимӣ бо мушовири намояндаи минтақавии Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Виктор Элиас

  3 сентябри соли 2026 мулоқоти Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ бо Виктор Элиас баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон матраҳ гардиданд.

Нигора Муқимӣ вобаста ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва муқаррар гардидани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои табъиз маълумоти муфассал манзур намуд.

Зикр гардид, ки 28 марти соли 2012 дархости мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақоми «В» дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид, ки ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони он ба чунин мақом соҳиб шуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот таъкид гардид, ки Зеркумитаи аккредитатсионӣ барои дар оянда соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми «А»  як қатор тавсияҳоро пешниҳод намудааст. Дар ин замина, масъалаи идомаи талошҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои мазкур ва гирифтани мақоми «А» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт ҳавасмандии худро иброз намуданд.

Илова бар ин, Виктор Элиас омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд изҳор намуда, таъкид кард, ки ин иқдом барои татбиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва раддабандиҳо дар ин самт мусоидат хоҳанд кард.

Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


Эмомали Рахмон

Цитата-3 Цитата-4 Цитата-5 Цитата-1 Цитата-2 Цитата-6

Цитата-3

В целях обеспечения защиты прав ребенка предлагаю создать в Республике Таджикистан институт Уполномоченного по правам ребенка. Э.Рахмон

Цитата-4

Воспитание и обучение детей и подростков является одной из основных задач социальной политики государства. Э.Рахмон

Цитата-5

Если мы хотим обеспечить достойное будущее Таджикистану, то сегодня мы должны создать необходимые условия для талантливых и одаренных подростков и молодежи. Э.Рахмон

Цитата-1

Сегодняшние дети завтра вырастут как патриотичное поколение и достойными гражданами нашего дорогого Таджикистана. Э.Рахмон

Цитата-2

Сегодня созданы все условия для обучения и воспитания детей и подростков. Э.Рахмон

Цитата-6

Нашим подросткам и молодежи необходимо ценить мир, спокойствие, политическую стабильность, независимость и свободу, как поколение, строящее будущее, стремиться к защите и умножению достижений независимости. Э.Рахмон

Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal