Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо кадом мақсад таъсис дода мешавад?
Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул шудааст?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 марти соли 2008 қабул шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кадом мақомот ҳисобот медиҳад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кадом муҳлат ба вазифа таъин карда мешавад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад. Ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Муҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан оғоз мегардад. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардани Ваколатдори нав таъингардида қатъ мегардад.
Оё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак метавонад дар мурофиаҳои судӣ иштирок намояд?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ё бо супориши хаттии онҳо корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд.
Оё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак метавонад бо ташаббуси худ санҷиш гузаронад?
Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо ё марбут ба зарурати ҳифзи манфиатҳои шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи худро надоранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.
Маърӯзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба кадом мақомот ирсол карда мешавад?
Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои иисон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.
Барои монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Моддаи 534 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор, аз ҷониби шахсони мансабдор иҷро накардани талаботҳои қонунии Ваколатдор ва дар ягон шакли дигар монеа эҷод кардан дар фаъолияти Ваколатдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ намудааст.
Зарурияти таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар чист?
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдакро ба тасвиб расонида, бо ҳамин бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқхои кўдак як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба зимма гирифт.
Баҳри таҳкими ҳуқуқи кўдакон, зери ғамхории махсуси давлат қарор додани кўдакон, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтани кўдакон чораҳои мушаххас андешида шуда, бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуданд.
Бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кўдак ва ислоҳоти низоми идоракунии ҳифзи ҳуқуқи кўдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавию ҷисмонии кўдакону наврасон соли 2008 дар назди Њукумати ҶТ Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд.
Дар доираи ўҳдадориҳои байналмилалии ҶТ ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак дар сохтори Вазорати адлияи ҶТ шуъбаи адлияи ювеналӣ ва дар сохтори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.
Бо вуҷуди чораҳои андешидашаванда дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, боло рафтани муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди демографӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳамоҳангии фаъолияти мақомотҳои таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак зарурати таъсис додани мақоми махсус – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ба миён омад.
Бинобар ин Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ дар бораи зарурати бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак масъалагузорӣ намуданд.
Ҷиҳати иҷрои ҳамин банди Паёми Президенти ҶТ чӣ чораҳо дида шуд?
Ҷиҳати иҷрои ин банди Паёми Президенти ҶТ дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, як банди алоҳида (банди 5) вобаста ба масъалаи таъсис додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак пешбинӣ карда шуд.
Бо ин мақсад гуруҳи кории байниидоравӣ иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Шўрои адлия ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Гуруҳи корӣ масъалаи мазкурро мавриди омўзиши ҳамаҷониба қарор дода, таҷрибаи байналмилалиро омўхта, бо дарназардошти хусусиятҳои Тоҷикистон мувофиқи мақсад донист, ки ин мансаб ба сифати муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шавад. Зеро чунин таҷриба, яъне дар якҷоягӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки имкониятҳои зарурӣ дорад, боиси пешгирӣ намудани хароҷоти иловагӣ вобаста ба таъсиси институти алоҳида мегардад. Дар сохтори Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ аз соли 2012 шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдак фаъолият намуда истодааст, ки дар самти мазкур аллакай таҷрибаи дахлдор дорад.
Ин пешниҳоди гуруҳи корӣ дастгирӣ ёфт ва ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати адлия дастур дода шуд, ки барои ба танзим даровардани фаъолияти ин ниҳод санади дахлдорро таҳия намоянд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» инчунин якчанд лоиҳаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро вобаста ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакро таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо лоиҳаҳои мазкур такмил дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуданд.
Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои амалӣ гардонидани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак кафолатҳои ҳуқуқӣ ва моддию иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, ҷиҳати таъмини фаъолияти ў Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак аз рўи кадом меъёрҳо амал мекунад?
Баъди қабули лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва таъсис додани вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ў дар асоси Конститутсияи ҷумҳурӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» ва дигар қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби ҶТ ба тасвибрасонидашуда амал мекунад.
Самтҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак кадомҳоянд?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак зимни амалӣ гардонидани фаъолияташ комилан мустақил мебошад ва ҷиҳати мусоидат дар риояи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузории ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кўдак, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва рушду ҳамоҳонгсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур фаъолият менамояд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак зимни амалӣ гардонидани фаъолияташ аз он ваколатҳое, ки қонун барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ намудааст, истифода мебарад.
Оё дар дигар давлатҳо чунин мақомот вуҷуд дорад?
Албатта, ин мақомот дар дигар давлатҳо низ вуҷуд дорад. Аммо сохтори он дар давлатҳои алоҳида гуногун аст.
Умуман дар таҷрибаи байналмилалӣ ду роҳи таъсис додани ин мақомот мавҷуд аст. Яке ҳамчун мақоми мустақил ё дар назди Президент. Таҷрибаи Федератсияи Россия, Украина, Молдова чунин аст. Ва дигаре ба сифати муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон. Чунин сохтор дар Маҷористон, Словения, Испания таъсис дода шудааст.
Дар баъзе давлатҳо, масалан Лаҳистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак фаъолияташро ба сифати муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оғоз намуда, баъдан соли 2000 ҳамчун мақомоти мустақил таъсис дода шудааст.
Тавре мебинем дар ин масъала таҷриба гуногун аст. Муҳим он аст, ки мақомоти мазкур дар амалӣ намудани фаъолияташ мустақил буда, ба Принсипҳои Париж, ки талаботро нисбат ба ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон пешбинӣ менамоянд, ҷавобгў бошад.