ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ

girl boy2

Календарь событий

Декабрь 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ

Ҳангоми бемор шудани кӯдак ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ё бемор шудани кӯдак ба табиби оилавии минтақаи зист бояд муроҷиат карда шавад. Табиби оилавӣ беморро табобат менамояд ё барои тишхису табобат роҳхат медиҳад.

Ҳангоми зарурат (агар кӯдак ба бемории шадид гирифтор шуда бошад) пеш аз ҳама ёрии таъҷилиро даъват намудан лозим аст.

Ҳангоми муроҷиат ба беморхона бемор кадом ҳуқуқҳоро доро мебошад?

Бемор ҳангоми муроҷиат кардан барои гирифтани кумаки тиббӣ чунин ҳуқуқҳоро дорад:
- ба муомилаи боэҳтиромона ва башардӯстонаи кормандони тиб, инчунин ҳайати хизматрасонӣ;
- ба интихоби табиб ва муассисаи тиббӣ;
- барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунӣ.

Эмкунӣ чист ва бо кадом мақсад гузаронида мешавад?

Эмкунӣ ин ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ мебошад.

Эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ анҷом дода мешавад.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 106 Кодекси тандурурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шахсони воқеии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта уҳдадоранд, ки мувофиқи Тақвими миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ эмкунии пешгирикунандаро ба таври ройгон гиранд.”

Оё аз ҷониби давлат ба кӯдакони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) кӯмакпулӣ дода мешавад?

Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии ҶТ шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) ҳуқуқ доранд ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла, кӯмаки дорувориро дар ташкилотҳои давлатии тандурустӣ ройгон гиранд.

Инчунин мувофиқи қисми 4 моддаи 167 Кодекси тандурустии ҶТ “Барои кӯдакони то 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кӯмакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад.” Вобаста ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 тасдиқ шудааст, ки тибқи он ба оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони то 16-солаи гирифтор ба вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ мекунанд, кӯмакпулиҳои моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (350 сомонӣ) дода мешавад. Кӯмакпулӣ ба ҳар як кӯдаки гирифтор ба ВНМО алоҳида ҳисоб карда мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулии мазкур волидайн ё дигар намояндаи қонунии чунин кӯдакон бо ариза ва ҳуҷҷатҳои лозима ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷои истиқомат муроҷиат менамоянд.

Оё дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ кӯдакон ва наврасон ба ёрии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахсро, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии мардон ва занон ва ҳуқуқ ба ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатиро барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар кафолат медиҳад.

Тибқи қонунгузории ҶТ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.

Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуда, ба кӯдакони то як сола, кӯдакони маъюб ва зимни дигар бемориҳое, ки қарори зикршуда муайян намудааст, ба тариқи ройгон табобат расонида мешавад.

Дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ кадом намуди кўмаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад?

Дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ намудҳои зерини кумаки тиббию санитарии ройгон расонида мешавад:
- кўмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;
- кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- кўмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;
- таъминот бо доруворӣ, ваксинаҳо ва тадбирҳои ташхиси лабараторӣ дар шароити дармонгоҳ;
- кўмаки тиббӣ дар шароити беморхона;
- кўмаки стоматологӣ;
- чорабиниҳои санитарӣ-гигиенӣ.


Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal