Санаи 23-юми ноябри соли 2026, дар бинои вазорати адлия 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар Муколама ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии мудири шуъбаи Осиёи Марказии хадамоти равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.
Дар кори Муколама муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Нигора Муқимӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва равандҳои охирини соҳаи ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои таҳкими иқтидори ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба адолати судӣ, пешгирии шиканҷа, озодии иттиҳодияҳо, ҳуқуқҳои рақамӣ, баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занон, кӯдакон, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, инчунин ҳамкорӣ бо механизмҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд.
Дар анҷоми Муколама ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба, расонидани кумаки техникӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин иқдомоти минбаъдаро мавриди баррасӣ изҳори омодагӣ намуданд.






