ON / OFF IMAGES FONT A A A BACKGROUND Ц Ц Ц Ц
Visually impaired

Commissioner for children’s rights
in the Republic of Tajikistan

МЕНЮ

girl boy2

Calendar of Events

November 2026
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

girl boy3

9
November
2026

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

      09 ноябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор, омӯзгорон, фаъолони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

     Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Деваштич Нуруллозода Г.Р. ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас ибрози андеша кард.

     Зимни вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Муқимӣ Н.А. дар бораи зарурати риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, иҷрои талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва нақши мақомоти давлатӣ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон суханронӣ намуд. Ҳамзамон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шарҳ дода шуданд.

     Дар идомаи чорабинӣ мулоқоти самимии Ваколатдор бо фаъолони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Зимни суҳбат масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои кӯдакон, дастрасӣ ба таҳсил, пешгирии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона, таҳқиру фишор миёни ҳамсолон, истифодаи бехатари интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин иштироки кӯдакон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Муқимӣ Нигора Аминзода ба саволҳои хонандагон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо посухҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки ҳар як кӯдак бояд ҳуқуқҳои худро донад, ба онҳо эҳтиром гузорад ва дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳояш барои гирифтани ёрӣ ва ҳимоя ба шахсону мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Ин мулоқот дар шакли саволу ҷавоб сурат гирифта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон ва тақвияти мавқеи фаъоли шаҳрвандии онҳо мусоидат намуд.

Ҳамзамон, қабули шаҳрвандон баргузор гардида, муроҷиатҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон шунида шуда, ба муроҷиаткунандагон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.

     Дар доираи сафари корӣ инчунин аз муассисаҳои томактабӣ, муассисаи таълимӣ ва тавқифгоҳи муваққатии тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим боздид ба амал оварда шуд. Зимни боздид вазъи риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, шароити таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ, муҳити бехатар ва риояи ҳуқуқи шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ қарордошта мавриди омӯзиш қарор гирифт.

      Чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва таҳкими фаъолияти муштарак дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат менамоянд.


Эмомалӣ Раҳмон

Quote-1 Quote-2 Quote-3 Quote-4 Quote-5

Quote-1

With a view to ensure the protection of the rights of the child in the Republic of Tajikistan, I propose to establish the Institute of the Commissioner for the Rights of the Child.

Quote-2

Education and upbringing of the children and adolescents are the important issues for the social policy of the government.

Quote-3

If we want to ensure decent future in Tajikistan, we have to establish necessary conditions today for gifted and talented adolescents and youths.

Quote-4

Indeed, children are the future for the prosperity and development of each nation, invaluable treasure of every family, society and the state, and they are happiness of each father and mother.

Quote-5

The adolescents and youth need to cherish peace and tranquility, political stability and independence and freedom, as the generation that builds future, continue to strive for the protection and scale up achievements of independence.

If a child begs, who is to blame?

If a child begs, who is to blame?

girl boy

Developed by DarAmal