Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба куштори бераҳмонаи тифли панҷсола Ҳувайдо Тиллозода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Серпухови вилояти Москваи ФР ба вуқуъ пайваст ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Президенти Федератсияи Россия Кузнетсова А.Ю. муроҷиат намуд.
Дар муроҷиат аз ҷумла, масъалаи зери назорати шахсии худ гирифтани рафти тафтишоти ҷинояти мазкур ва мусоидат дар расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба волидайни тифли марҳум изҳори хоҳиш карда шудааст.