ON / OFF IMAGES FONT A A A BACKGROUND Ц Ц Ц Ц
Visually impaired

Commissioner for children’s rights
in the Republic of Tajikistan

МЕНЮ
6
October
2026

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

    6 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, ҳамзамон қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои дахлдор боздид ба амал оварданд.

 

    Нахуст, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вохӯрӣ баргузор гардид.   Чорабиниро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо ифтитоҳ намуд.

  

  Дар ҳошияи чорабинии мазкур масъалаҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муқаррароти қонунҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзиму анана ва ҷашну маросим»,  «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ба иштирокчиён шарҳ дода шуд.

 

    Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва кӯдак, уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои масъул, инчунин зарурати андешидани тадбирҳои муштарак барои пешгирии поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон андешаронӣ намуданд.

    Дар идомаи сафари корӣ қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар рафти он муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи онҳо шунида шуда, ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуданд.

   

Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, шароити таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва таъмини ҳуқуқи шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ қарордошта, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, муассисаи таълимӣ, беморхонаи ноҳия ва тавқифгоҳи муваққатии тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим боздид ба амал оварда шуд.

    Зимни боздид аз муассисаҳои мазкур вобаста ба фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон, таъмини муҳити бехатар, риояи ҳуқуқи хонандагон, хизматрасонии табибон, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди зеҳнию ҷисмонии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.


Эмомалӣ Раҳмон

Quote-1 Quote-2 Quote-3 Quote-4 Quote-5

Quote-1

With a view to ensure the protection of the rights of the child in the Republic of Tajikistan, I propose to establish the Institute of the Commissioner for the Rights of the Child.

Quote-2

Education and upbringing of the children and adolescents are the important issues for the social policy of the government.

Quote-3

If we want to ensure decent future in Tajikistan, we have to establish necessary conditions today for gifted and talented adolescents and youths.

Quote-4

Indeed, children are the future for the prosperity and development of each nation, invaluable treasure of every family, society and the state, and they are happiness of each father and mother.

Quote-5

The adolescents and youth need to cherish peace and tranquility, political stability and independence and freedom, as the generation that builds future, continue to strive for the protection and scale up achievements of independence.

If a child begs, who is to blame?

If a child begs, who is to blame?

girl boy

Developed by DarAmal