13 октябри соли 2026, дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон -ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» мизи мудаввар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён аҳаммияти тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта ва зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои ин гурӯҳи шаҳрвандон баррасӣ карданд.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ Муқимӣ Н.А. ба аҳаммияти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта, таъмини имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ниҳодҳои масъул буда, дастрасии онҳо ба таҳсилоти фарогир, хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, муҳити дастрас ва ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз бояд таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта таъкид гардид.
Дар чорабинӣ Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Хайруллозода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта барои таҳкими кафолатҳои ҳуқуқӣ, рушди хизматрасониҳои фарогир ва таъмини иштироки баробари шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи муҳим фароҳам меорад.






