ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ

girl boy2

Календарь событий

Декабрь 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

22
мая
2018

Қадамҳои минбаъда дар рушди ҳуқуқи кӯдак

Яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 онро ба тасвиб расонид. Санади мазкур тамоми ҳуқуқу озодиҳоро, ки барои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ заруранд, кафолат дода, уҳдадориҳои давлатҳои аъзоро бобати таъмини принсипу меъёрҳои дар он зикргардида пешбинӣ менамояд.

Ҳамзамон ҷумҳурӣ соли 2002 ба ду Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкур, аз ҷумла яке вобаста ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва дигари вобаста ба савдои кӯдакон, фоҳишагӣ ва порнографияи кӯдакон ҳамроҳ шуд.

Ҳамчун иштирокчии ин санадҳои муҳими байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои дар онҳо эътирофгардида ҳамаи тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳоро меандешад.

Тибқи талаботи моддаи 44 Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳар як давлати иштирокчии он уҳдадор аст, ки ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки бо мақсади баррасии пешрафти давлатҳои иштирокчӣ дар иҷрои уҳдадориҳои Консенсия таъсис дода шудааст, маърӯза пешниҳод намояд. Дар маърӯза маълумот дар бораи чораҳое, ки барои мустаҳкам гардонидани ҳуқуқҳои эътирофкардаи Конвенсияи мазкур андешида шудаанд ва дар бораи пешравиҳое, ки дар амалӣ гардонидани ин ҳуқуқҳо ба даст омадаанд, зикр карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба чораҳои андешидашуда се маротиба (солҳои 2000, 2010 ва 2017) ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маърӯза пешниҳод намуд.

Маърӯзаҳои навбатии муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва маърӯзаҳои аввалини ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои протоколҳои иловагӣ ба Конвенсия дар ҷаласаҳои 2226-2228 Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, ки моҳи сентябри соли 2017 баргузор шуданд, баррасӣ гардиданд.

Зимни баррасии маърӯзаҳои миллӣ Кумита тадбирҳои аз ҷониби давлат андешидашуда ва пешравиҳои ба даст омадаро хуш пазироӣ намуда, ҳамзамон қабули чораҳои иловагии қонунгузорӣ ва маъмуриро, ки ба ҳуқуқҳои кӯдакон дахл доранд, тавсия дод.

Ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи кӯдак вобаста ба маърӯзаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва вобаста ба маърӯзаҳои нахустин оид ба амалишавии протоколҳои иловагии Конвенсия 19 апрели соли 2018 Нақшаҳои миллии амалҳо тасдиқ гардиданд.

Тасдиқи нақшаҳои мазкур қадамҳои минбаъда дар рушд ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ буда, вазорату идораҳои дахлдор бобати иҷрои чорабиниҳои дар онҳо пешбинигардида муваззаф гардидаанд.

Итминон дорем, ки мақомотҳои масъул ҷиҳати иҷрои тавсияҳо чораандешӣ намуда, тадбирҳои андешидашуда боиси беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ мегардад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки яке аз вазифаҳои ӯ назорати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак мебошад, омода аст бо тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои тавсияҳои мазкур мусоидат намояд.

Ҳабибулозода Р.
Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal