ВКЛ / ВЫКЛ: ИЗОБРАЖЕНИЯ: ШРИФТ: A A A ФОН: Ц Ц Ц Ц
Для слабовидящих

Уполномоченный по правам ребенка
в Республике Таджикистан

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

25
ноября
2026

Иштироки Нигора Муқимӣ дар Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак

 Бо мақсади таҳкими фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва мақомоти васояту парасторӣ ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии кӯдак форум баргузор мегардад.

 

Дар ин робита 25 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Ҳамчунин, дар кори форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар қисмати расмии кори форум муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳадафи форум аз баррасии масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, тақвияти фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 иборат буд.

Зимни форум масъалаҳои ислоҳот ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар доираи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2026-2030, дастрасӣ ба адолати судӣ барои кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар муҳити рақамӣ, тартиби баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои дигар ва расонидани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи кори форум иштирокчиён мавзуъҳои ҳифзи кӯдак дар муҳити рақамӣ ва таъсиси механизми ҳифзи кӯдак аз рӯйи модели “Барнахус”-ро дар доираи гурӯҳҳо баррасӣ намуда, таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни форум дар анҷоми кори он бо мақсади тақвияти корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳамкориҳои байни субъектони кор бо кӯдак Эъломия қабул намуданд.


Эмомали Рахмон

Цитата-3 Цитата-4 Цитата-5 Цитата-1 Цитата-2 Цитата-6

Цитата-3

В целях обеспечения защиты прав ребенка предлагаю создать в Республике Таджикистан институт Уполномоченного по правам ребенка. Э.Рахмон

Цитата-4

Воспитание и обучение детей и подростков является одной из основных задач социальной политики государства. Э.Рахмон

Цитата-5

Если мы хотим обеспечить достойное будущее Таджикистану, то сегодня мы должны создать необходимые условия для талантливых и одаренных подростков и молодежи. Э.Рахмон

Цитата-1

Сегодняшние дети завтра вырастут как патриотичное поколение и достойными гражданами нашего дорогого Таджикистана. Э.Рахмон

Цитата-2

Сегодня созданы все условия для обучения и воспитания детей и подростков. Э.Рахмон

Цитата-6

Нашим подросткам и молодежи необходимо ценить мир, спокойствие, политическую стабильность, независимость и свободу, как поколение, строящее будущее, стремиться к защите и умножению достижений независимости. Э.Рахмон

Опрос

Если ребенок попрошайничает, кто в этом виноват?

girl boy

Разработано в DarAmal