ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

Ҳуқуқи кӯдак ба фардият

Таваллуди кӯдак дар кадом муҳлат бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад?

Ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мӯҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад. Аммо падар ё модаре, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳолат огоҳӣ додан ё ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар кардааст, ки маблағи аз 150 то 250 сомониро ташкил медиҳад.

Бақайдгирии таваллуди кӯдак дар кадом мақомот анҷом дода мешавад?

Тибқи муқаррароти моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” бақайдгирии таваллуди кӯдак дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар шаҳраку деҳот бошад, аз тарафи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад.

Бақайдгирии таваллуди кӯдакони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Агар падару модар барои бақайдгирии таваллуди кӯдак имкони шахсан додани ариза надошта бошанд, чӣ бояд кард?

Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Барои бақайдгирии таваллуди кӯдак кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои бақайдгирии таваллуди кӯдак баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.

Дар ҳолати гум шудани шаҳодатномаи таваллуд барои барқарор намудани он ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 11 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар сурати гум шудани шаҳодатномаи таваллуд, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрорӣ дар асоси аризаи шаҳрванд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрорӣ қайди «Такрорӣ» гузошта мешавад.

Номи кӯдак чӣ гуна гузошта мешавад?

Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падар ҳуқуқ дорад. Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ гузошта мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.

Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Дар Феҳристи мазкур ҳудуди 5000 номҳои духтарона ва писарона мавҷуд аст.

Номгузорӣ ба Феҳристи мазкур маҳдуд нашуда, номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Оё мумкин аст дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак фақат ном ва насаб сабт гардида, номи падар сабт карда нашавад?

Тибқи қонунгузории ҶТ дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сабти насаб ва ном ҳатмӣ буда, номи падар ҳатмӣ нест. Яъне шаҳрвандон метавонанд фақат насаб ва ном дошта бошанд. Аммо баъзан ин меъёри қонун нодуруст фаҳмида шуда, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷойи (сутуни) насабро холӣ гузошта, ҷойи ном ва номи падар пур карда мешавад (мисол: Насаб: холӣ Ном:Хуршед Номи падар:Анварзода), ки чунин тарзи номгузорӣ нодуруст мебошад. Чунки дар шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо аввал насаб ва баъд ном навишта мешавад. Бинобар ин агар шхс “номи падар” надошта бошад дар шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома бояд ҷойи “насаб” ва “ном” мутобиқан пур карда шуда, ҷойи “номи падар” холӣ гузошта шавад (мисол: Насаб:Анварзода Ном:Хуршед Номи падар: холӣ).

Насаб метавонад аз насаби падар ё модар инчунин аз номи падар бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад (мисол: Анварзода Хуршед). Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад (мисол: Анвар Хуршед). Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи пасвандҳои насабсоз ҷиҳати фарқ намудани насаб аз ном ё номи падар нақши муҳим дошта, истифодаи онҳо афзалтар аст.

Агар падар ё модар имконияти шахсан гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кўдакро надошта бошанд ба ҷойи онҳо хешовандони наздик метавонанд барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат намоянд?

Бале, мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кўдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кўдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.

Оё дар қонун барои гирифтани шаҳодатнома мўҳлат пешбинӣ шудааст?

Албатта, дар қисми 4 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандї» барои пешнҳоди ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак мўҳлат пешбинї шудааст, ки тибқи он ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кўдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мўҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.

Барои гузаронидани мўҳлати семоҳаи муқаррарнамудаи қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст ё не?

Мутобиқи талаботи қисми 5 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» падар ё модаре, ки дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур барои ба қайди давлатӣ гирифтани кўдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Қонунгузорӣ кадом намуди ҷавобгариро барои риоя накардани мўҳлати муайяншуда пешбинӣ менамояд?

Мутобиқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кўдакро тарбия мекунад, иҷро накардани ўҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal