ON / OFF IMAGES FONT A A A BACKGROUND Ц Ц Ц Ц
Visually impaired

Commissioner for children’s rights
in the Republic of Tajikistan

МЕНЮ

girl boy2

Calendar of Events

March 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

Аҳдномаи ҳуқуқи кўдак дар тасвир

Пешгуфтор

Ое дар бораи ҳуқуқи худ донистан мехоҳӣ? Ин китоб ба ту кўмак мерасонад. Онро хонда, ту аз ҳуқуқи худ, ки дар аҳдномаи байналмиллӣ бо номи Аҳдномаи Ҳуқуқи Кўдак зикр гаштаанд, шинос мешавӣ. Ин аҳднома 20-уми ноябри соли 1989 аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) қабул гаштааст.

Тоҷикистон узви СММ буда, 26-уми июни соли 1993 Аҳдномаи ҳуқуқи кўдакро қабул намудааст. Баъд аз қабул гаштани он, аҳднома, чун ҷузъи қонунгузории миллӣ ҳисоб мешавад ва ҳама онро бояд риоя кунанд.

Нақши ин аҳднома барои ту чӣ гуна шуда метавонад? Дар он номгуӣ ҳуқуқи кўдак зикр шудааст, ки бояд аз тарафи давлат барои тамоми кўдакони дар кқаламрави ў воқеъбуда таъмин гардад.

Ин аҳднома бо забони мушкили ҳуқуқшиносон навишта шудааст ва ин китоб ба ту кўмак мерасонад, то аҳдномаро беҳтар фаҳмида тавонӣ.

Дўстон ва аъзои оилаи худро фаред намо, то якҷоя дар бораи аҳдномаи ҳуқуқи кўдак бештар маълумот гиред. Расмҳои дилкаши ин китоб омўхтани аҳдомаро шавқовар мегардонанд.

Агар хоҳӣ бо шакли расмии ин аҳднома шинос шавӣ, он ҳам дар ин китоб ҷой дода шудааст ва агар нофаҳмо шавад, ту метавони ба калонсолон муроҷиат намоӣ то фаҳмонда диҳанд. Муҳим аст, ки ту аз ҳуқуқи худ огоҳ бошӣ, дар ҳает аз онҳо истифода барӣ ва ҳуқуқи атрофиенро эҳтиром намоӣ. Мо умед дорем, ки дониши андўхта ба ту кўмак мекунад, то худро ва дўстонатро муҳофизат намоӣ

Моддаи 1
Ҳар касе, ки ба синни 18 нарасидааст, кўдак ҳисоб мегардад ва дорои тамоми ҳуқуқи дар ин аҳднома зикргашта мебошад.

Моддаи 2
Ту ҳуқуқ дорӣ, то аз зўроварӣ ҳимоя гардӣ. Новобаста аз ранги пусти ту, аз миллат ва маҳалли ту, аз дин, аз забон ва писар е духтар будани ту. Ҳама кўдакон ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 3
Ту ҳукуқ дорӣ то ҳимоя дошта бошӣ. Ҳангоми қабул кардани ягон қарор, калонсолон бояд манфиати беҳтарини туро ба назар гиранд.

Моддаи 4
Ҳуқуқи ту бояд эҳтиром гардад. Давлат вазифадор аст, то ҳуқуқи ту эҳтиром гардад.

Моддаи 5
Ту ҳуқуқ дорӣ, то маҳорат ва малакаҳои худро инкишоф диҳӣ. Падару модар туро тарбия намуда ба инкишофи маҳорату малакаҳои ту бояд кўмак расонанд.

Моддаи 6
Ту ҳуқуқи зиндагӣ ва инкишофи солимонаро дорӣ.

Моддаи 7
Ту ҳуқуқ дорӣ ки ном дошта бошӣ ва шаҳрванд бошӣ. Ту ҳуқуқ дорӣ падару модари худро донӣ. Давлат бояд ҳуқуқи тамоми кўдаконро амалӣ гардонад, ҳатто кўдаконе, ки шаҳванди ин давлат намебошанд.

Моддаи 8
Ту ҳуқуқ дорӣ, ки ном дошта бошӣ, инчунин ҳуқуқи шахрвандӣ ва нигоҳ доштани алокаҳои оилавиро низ доро мебошӣ. Агар туро ғайри қонунӣ аз оила дур сохта аз ном ва шаҳвандӣ маҳрум сохта бошанд, ту ҳуқуқ дорӣ ки ҳимоя шавӣ ва кумак гирӣ.

Моддаи 9
Ту ҳуқуқ дорӣ бо оилаи худ зиндагонӣ кунӣ. Агар падару модари ту қарори ҷудошавиро кунанд, бояд фикри туро дар бораи бо ки истоданатро ба назар гиранд. Ту ҳуқуқ дорӣ бо ҳардуи онҳо вохурӣ намоӣ. Касе наметавонад туро аз онҳо ҷудо созад. Агар падару модар муносибати бад дошта бошанд, туро барои ҳимояи худат, ҷудо карда метавонанд.

Моддаи 10
Ту ҳуқуқ дорӣ бо падару модари худ зиндагӣ кунӣ, новобаста аз оне, ки дар кадом давлат онҳо мебошанд.

Моддаи 11
Аз мамлакате, ки дар онҷо зиндагӣ дорӣ, туро ғайриқонунӣ баровардан, касе ҳуқуқ надорад.

Моддаи 12
Ту ҳуқуқ дорӣ фикри худро озодона, бе паст задани щахсияти дигарон, баен намоӣ. Калонсолон фикру ақидаи туро бояд ба назар гиранд. Ту ҳуқуқ дорӣ то фикри худро дар додгоҳ баён намоӣ.

Моддаи 13
Ту ҳуқуқ дорӣ ба ҳар шакли муносиб ахборот гирӣ ва ахборот паҳн намоӣ: хаттӣ, шифоҳӣ, аз рузномаву маҷалахо ва ғайра.. ту метавонӣ ахборотро тавассути санъат низ қабул намуда паҳн намоӣ, масалан ба шакли расму тасвирҳо.

Моддаи 14
Озодона фикри худро баен кардан ва интихоби дин, ҳуқуқи туст. Ту метавони ба дине, ки ба худ муносиб медонӣ, имон оварӣ ва метавонӣ ба ягон дин ру наорӣ.

Моддаи 15
Ту ҳуқуқ дорӣ, ки гирдиҳамоиҳои сулҳдустона доир гардонӣ. Ҳуқуқ дорӣ, то узви ҳар гуна созмон гардӣ ва созмон ташкил диҳӣ, агар он ҳуқуқи дигаронро поймол насозад.

Моддаи 16
Ба ҳаети шихсӣ ҳуқуқ дорӣ ва касе ҳуқуқ надорад, мактубҳои шахсии туро хонад ва нисбати ту беэхтиромӣ кунад. Ќонун туро аз мудохила ба ҳаети шахсии ту эмин медорад.

Моддаи 17
Ту ҳуқуқ дорӣ маълумоти манфиатбахшро дастрас намоӣ ва калонсолон бояд ин маълумотро барои ту ба шакли фаҳмо пешкаш намоянд.

Моддаи 18
Падару модар, ҳарду, ўҳдадорӣ тарбия ва инкишофи ту мебошанд. Давлат бояд ҳаматарафа мусоидат намуда, муасиссаҳои махсус ба монанди мактаб, боғчаи бачагона, беморхонаҳо ташкил намояд.

Моддаи 19
Ту ҳуқуқ дорӣ, то аз муносибати бади падару модар ҳимоя гардӣ. Инчунин, ҳуқуқ дорӣ то аз тамоми намудҳои зўроварии ҷисмонӣ ва руҳӣ ҳимоя гардӣ.

Статья 20
Ту ҳуқуқ дорӣ, то давлат ба ту ғамхорӣ кунад, агар падару модар надошта бошӣ

Моддаи 21
Ту ҳуқуқ дорӣ ба фарзандӣ қабул шавӣ, агар падару модар надошта бошӣ.

Моддаи 22
Кўдакони гуреза ба мисли дигар кўдакон ҳуқуқ доранд. Дар баробари ин, онҳо ба дастгрии махсус низ ҳуқуқ доранд, то ҳаети сазовор дошта бошанд ва маҳорату малакаи худро инкишоф диҳанд.

Моддаи 23
Кудакони ниезманд ба мисли дигар кўдакон ҳуқуқ доранд. Ба онҳо диққати махсус ва кўмаки махсус дода мешавад, то онҳо тавонад зиндагии озодона дошта бошанд.

Моддаи 24
Ту ба хизматрасонии тиббии сифатнок ҳуқуқ дорӣ.

Моддаи 25
Ту ҳуқуқ дорӣ аз ҷараени муолиҷаи худ, аз ҳимоя ва дигар ахбороти зарурӣ, маълумот гирӣ, агар ин дастгирӣ ва кўмак аз тарафи давлат ҷой дошта бошад.

Моддаи 26
Агар эҳтиеҷ дошта бошӣ, ту ба таъминоти иҷтимоӣ аз тарафи давлат ҳуқуқ дорӣ.

Моддаи 27
Ту ба зиндагонии сазовор ҳуқуқ дорӣ. Давлат бояд ба падару модари ту кўмак расонад, то онҳо туро бо хона, хўрок ва пўшок таъмин намоянд.

Моддаи 28
Ту ба таълим ҳуқуқ дорӣ. Таълимоти ибтидоӣ бояд ҳатмӣ ва бепул бошад. Маълумоти миена ва олӣ бояд дастрас бошад.

Моддаи 29
Таълим дар мактаб бояд ба инкищофи маҳорату малакаҳои ту мусоидат намуда, эҳтироми туро ба ҳуқуқ, падару модар, фарҳанг тарбия намояд.

Моддаи 30
Ту ҳуқуқ дорӣ аз фарҳангӣ худ, забони модарии худ, дини худ истифода барӣ, новобаста аз оне, ки онҳо дину фарҳангу забони он давлате, ки ту дар он зиндагони мекунӣ мебошанд.

Моддаи 31
Ту ҳуқуқ дорӣ истироҳат кунӣ, бозӣ кунӣ ва бо санъат машғул шавӣ.

Моддаи 32
Ту ҳуқуқ дорӣ то аз сўистифодаи иқтисодӣ ҳимоя гардӣ. Давлат бояд назорат кунад, то ту ба меҳнате, ки ба саломатии ту ва инкишофу давомоти мактаби ту зарар мерасонанд, чалб гардӣ.

Моддаи 33
Касе ҳуқуқ надорад, то туро барои фурўш ва истеҳсоли маводи мухаддир истифода барад. Ту ба ҳимояи давлат аз ҳамаи намудҳои маводи мухаддир ҳуқуқ дорӣ.

Моддаи 34
Ту ба ҳимояи давлат аз танфурўшӣ ва зуроварӣ ҳуқуқ дорӣ.

Моддаи 35
Касе ҳуқуқ надорад, то туро дуздад, фурўшад вае ба дигар мақсад истифода барад. Давлат чунин ҳодисаҳоро бояд пешгирӣ намояд.

Моддаи 36
Ту, инчунин ҳукуқ дорӣ, то аз дигар намудҳои сўистифода ҳимоя гардӣ.

Моддаи 37
Ту ҳуқуқ дорӣ, то аз ишканҷа, муносибати бад ва дастгиркунии ғайриқонунӣ ҳимоя гардӣ ва ҳуқуқ дорӣ дар бораи ҳуқуқи худ маълумот гирӣ. Ба кўдаки ҷиноят содир намуда ҷазои умрбод мабҳас гаштан ва қатли онҳо таъин намудан ҷоиз намебошад. Инчунин, кўдаки ҷиноят содир намуда, метавонад бо падару модари худ мулоқот намуда мактубот дошта бошад.

Моддаи 38
Ту ҳуқуқ дорӣ ҳангоми ҷанг ва муборизаҳои силоҳнок ҳимоя гардӣ. Дар чунин муҳорибаҳо ту набояд чун афсар иштирок намоӣ.

Моддаи 39
Кўдаконе, ки мавриди зуроаварӣ қарор гирифтаанд, ба нигоҳубин, диққати махсус ва ҳаети муқаррарӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 40
Касе ҳуқуқ надорад ки туро дар ҷиноят беасос айбдор шуморад. Ту бегуноҳ ҳисоб мешавӣ то он даме, кӣ гуноҳи ту мувофиқи қонун муайян нагашта бошад. Ту ҳуқуқ дорӣ ки аз айбдории худ огоҳ карда шавӣ ва ҳуқуқ дорӣ ки ҳимояи ҳуқуқӣ гирӣ. Касе ҳуқуқ надорад, ки туро барои шоҳидӣ кардан маҷбур созад. Агар ту қонунро вайрон карда бошӣ, бояд кўмак кунанд, то ислоҳ шавӣ.

Моддаи 41
Агар қонунҳои давлате, ки дар он зиндагӣ мекунӣ аз меъерҳои ин аҳднома бартарӣ дошта бошанд, бояд қонунҳои махаллӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Моддаи 42
Давлат бояд ҳам калонсолон ва ҳам кўдаконро аз ин аҳднома огоҳ созад.

Моддаҳои 43 – 54
Дар назди Созмони Миллали Муттаҳид кумитаи махсус оид ба хуқуқи кўдак амал мекунад, ки тамоми давлатхои ин аҳдномаро қабул карда ба ин кумита аз вазъияти ҳуқуқи кўдак дар қаламрави худ ҳисобот медиҳад.

ЛУҒАТ

Шаҳрвандӣ – робитаи одам бо давлат, ки бо ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафайн муаяйн гаштааст.

Зуроварӣ (дискриминатсия) – беасос маҳдуд соҳтани ҳуқуки дигарон вобаста ба миллат, забон, дин ва ғайра.

Фардият – фарқият аз дигар одамон, зоҳир намудани шавқу ҳавас, маҳорати шахсӣ; нигоҳ доштани урфу одати худ, забони худ, инчунин робитаҳои хешу таборӣ ва оилавӣ.

Ишканҷа – азият, дарду азобе, ки аз тарафи намояндагони давлатӣ ғайриқонунӣ ва ғаразнок бо мақсади гирифтани маълумот ваё иқрор шудан карда мешавад.

Тасвиб (ратификатсия) – Тасдиқ ефтани аҳдномаи байналмиллалӣ аз тарафи мақоми олии давлатӣ вае сарвари давлат

Таъминоти иҷтимоӣ – пешкаш намудани ердампулӣ вае дигар хизматҳо ба падару модар е нафароне, ки ба тарбияи кўдак ўхдадор мебошанд.

Ҳаёти шахсӣ – Маълумоте, ки сири оила ва е нафареро дар бар мегирад; мукотибот, суҳбатҳои телефонӣ, хабарҳои телеграфӣ, муносибатҳои шахсӣ.

Сўистифода – Маҷбур сохтан барои иҷрои коре, дар зери фишор ва истифодаи қувва.

 

docДастрас кардани Аҳдномаи ҳуқуқи кўдак дар тасвир

 


If a child begs, who is to blame?

If a child begs, who is to blame?

girl boy

Developed by DarAmal